Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, аз президенти Никарагуа Даниэл Ортега “бародари инқилобӣ” ном бурд. Дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Амрикои Лотин, Аҳмадинажод барои ширкат дар маросими савгандёкунии Ортега вориди Манагуа шуд ва изҳор намуд, ки мардуми Эрону Никарагуа барои адолат мубориза мебаранд.
Аз ин пеш Маҳмуди Аҳмадинажод се рӯз дар Венесуэла буд. Ӯ ва раҳбари Венесуэла Уго Чавес изҳор намуданд, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш бо баҳонаи барномаи ҳастаӣ ба Теҳрон таҳдид мекунанд.
Қарор аст, ки раисиҷумҳури Эрон аз Куба ва Эквадор ҳам дидан кунад.