Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия барои таҳвили Сайфулислом боз 3 ҳафта хост


Сайфулислом дар рӯзи боздошташ
Сайфулислом дар рӯзи боздошташ
Либия барои баррасии масъалаи ба додгоҳи байналмилалӣ супурдани писари Муаммар Қаззофӣ – Сайфулислом 3 ҳафтаи дигар хост. Замони ниҳоии ба додгоҳи Ҳейг супурдани ӯ имрӯз ба поён мерасад. Ҳукми боздошти Сайфулислом Қаззофии 39-сола аз сӯи додгоҳи Ҳейг ҳанӯз моҳи июн содир шуда буд. Сайфулислом рӯзи 19 ноябр, як моҳ баъд аз боздошт ва кушта шудани падараш ба даст афтод. Ӯ то ҳол дар Зинтон, шаҳре дар ҷанубуғарби Либия, қарор дорад.
XS
SM
MD
LG