Пайвандҳои дастрасӣ

11 нозири Лигаи Араб дар Сурия захм бардоштаанд


Лигаи Араб гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи тазоҳургарон дар шаҳри Лозиқияи Сурия 11 нозираш ҷароҳати “сабук” бардоштаанд. Ройтерс аз қавли Аднон Хузайр – раҳбари дафтари амалиётҳои Лигаи Араб дар Қоҳира – гуфт, ҳамла ба корвони мошинҳои нозирон рӯзи душанбе рух дода, аммо ҳатто ба бемористон бурдани кадоме аз захмиён лозим нашудааст. Лигаи Араб ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, давлати Сурия ба аҳдаш ҷиҳати таъмини ҳимояти нозирон амал карда натавонист.
XS
SM
MD
LG