Пайвандҳои дастрасӣ

Эсергепов баъди раҳоӣ зуд ҷои кор ёфт


Рамазон Эсергепов

Рамазон Эсергепов

Як журналисти аз зиндон раҳошудаи қазоқ гуфт, дар Алма-Ато созмони ғайридавлатии “Журналистони дучори мушкил”-ро раҳбарӣ хоҳад кард. Рамазон Эсергепов, сардабири собиқи ҳафтавори “Алма-Ато Инфо” , рӯзи 6 январ баъди адои 3 сол ҳукми зиндон озод шуд. Ӯ дар пайи нашри матолиб дар бораи иртиботи байни як тоҷир ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон маҳкум шуда, нашрияаш – “Алма-Ато Инфо” низ дар ҳамон соли 2009 масдуд шуд. Эсергепов гуфт, раҳбари феълии “Журналистони дучори мушкил” Розлана Таукина худ ба Эсергепов курсиашро пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG