Пайвандҳои дастрасӣ

"Мастер-класс"-и Расул Боқиев


Расул Боқиев, гуштигири маъруфи тоҷик

Расул Боқиев, гуштигири маъруфи тоҷик

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, барои варзишгарони муҳорибаҳои размӣ ва омехта дар бошгоҳи “Динамит”-и Душанбе дарси омӯзишӣ анҷом дод.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 дар риштаи дзюдо, зимни мулоқоташ бо варзишгарони ҷавон ба суолҳои онҳо посух дод ва усулҳои вижаи гуштиро, ки дар муҳорибаҳои размӣ ва омехта ба кор бурда мешаванд, намоиш дод.

Ба гуфтаи Аҳтам Хокиров, мураббии калони бошгоҳи ҳирфаии “Динамит”, дарси омӯзишии ин устоди варзидаи гуштӣ, бешак, барои омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба сабқати дастаӣ бо тими Русия, ки 20-уми январ дар шаҳри Душанбе доир мешавад, мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG