Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 60 толиб дар амалиёти Чорченак


Дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои эътилоф ва афғон дар шимоли Афғонистон даҳҳо чирикии толиб кушта шудаанд. Генерал Муҳаммадалӣ Ризоӣ – муовини фармондеҳи пулиси шимоли Афғонистон гуфт, ба ҳисоби онҳо, шаби гузашта дар улусволии Чорченаки вилояти Балх аз 60 то 70 чирикӣ ҷон бохта, 110 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. САДО Аммо нирӯҳои НАТО то ҳол ҳалокати танҳо 7 чирикиро таъйид кардаанд. ISAF ҳамчунин аз боздошти 30 чирикии дигар дар амалиёти шаби душанбе хабар дод.
XS
SM
MD
LG