Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими афви маҳбусон дар Кореяи шимолӣ


Ҳокимони коммунистии Кореяи шимолӣ дар пешорӯи зодрӯзи ду раҳбари фақиди кишвар афви маҳбусонро эълон карданд. Қарори парлумон дар мавриди афв аз 1 феврал ба иҷро медарояд. Ҷузъиёти ин қонун ва ин ки чанд маҳбус раҳо хоҳанд шуд, ҳанӯз дастрас нест, вале матбуоти давлатӣ қонуни афвро намунаи “сиёсатҳои шарифу раҳмдилона”-и раҳбарони фақиди Кореяи шимолӣ Ким Ир Сен ва Ким Чен Ир номид. Рӯзи 16 феврал 70-солагии Ким Чен Ир ва 15 апрел 100-солагии асосгузори режими Пхенян Ким Ир Сен аст. Баъди даргузашти Ким Чен Ир писари ӯ Ким Чен Ун ба қудрат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG