Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷомрӯд 25 шибҳанизомӣ кушта шудаанд


Таркиши бомб дар наздикии як истгоҳи автобус дар як минтақаи қабиланишин дар шимолу ғарби Покистон дастикам 25 шибҳанизомии зидди Толибонро кушта ва беш аз 25 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Бомбе, ки аз дур идора мешуд, ба мошинҳои шибҳанизомиён дар минтақаи Ҷомрӯди вилояти Хайбар-Пахтунхва асобат кард. Таркиш вақте рух дод, ки шибҳанизомиҳои рӯ ба давлат дар як сӯхтфурӯшӣ барои мошинҳои худ маводи сӯхт мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG