Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи задухӯрд дар маркази вилояти Пактико


Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ҳамлаи бомбгузорони маргталаби толиб ба идороти давлатӣ дар вилояти шарқии Пактико ишғоли дасти кам як бино аз сӯи чирикиҳо ва ҳалокати дастикам ду пулисро дар пай дошт. Ба гуфтаи ин вазорат, задухӯрд дар Шарна, маркази вилояти Пактико ҳанӯз идома дошта, дар ин даргирӣ ду толиб низ кушта шудаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории исломии Афғонистон гуфт, ин амалиётро гурӯҳи маргталабон анҷом дода, баъзеи онҳо дохили идороти давлатӣ шудаанд. Вазорати дохила тасарруфи як идораро таъйид кард ва гуфт, пулис ин сохтмонро дар муҳосира гирифтааст.
XS
SM
MD
LG