Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Жанаозен интихобот доир хоҳад шуд


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯи қарори лағви интихоботи парлумонӣ дар шаҳри ошӯбзадаи Жанаозен вето гузошт. Назарбоев гуфт, қарори Шӯрои Қонуни асосӣ дар бораи лағви интихобот дар ин шаҳр, ки дар моҳи декабр шоҳиди саркӯбии хунини эътирозҳо шуда буд, ҳуқуқи сокинонашро маҳдуд мекунад. Шӯрои Қонуни асосӣ рӯзи 6 январ ба далели идомаи қуюди шабгардӣ интихоботи рӯзи 15 январ дар Жанаозенро лағв кард. Рӯзи 16 декабр дар ҷараёни саркӯбии эътирози коргарони як ширкати нафт дар ин шаҳр дастикам 17 тан кушта ва то 100 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG