Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазироии Чавес аз Аҳмадинажод дар Каракас


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Каракас бо ҳамтои венесуэлагиаш Ҳуго Чавес мулоқот кард. Ин кишвар нахустин нуқтаи силсиласафари Аҳмадинажод ба 4 кишвари Амрикои лотинист. Ҳарду раҳбар, ки мунтақидони тунди сиёсатҳои Амрикоянд, ҳамдигарро “бародар” хонданд ва Аҳмадинажод гуфт, агар онҳо ҳамроҳ бомбе бисозанд, “сӯхти ин бомб аз муҳаббат хоҳад буд”.
Аҳмадинажод аз Никарагуаву Куба ва Эквадор низ дидан хоҳад кард. Амрико қабл аз сафари ӯ кишварҳои Амрикои лотиниро ҳушдор дод, ки ҳоло вақти таҳкими равобит бо Эрон нест.
XS
SM
MD
LG