Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб шурӯъи ғанисозӣ дар Фордуро маҳкум кард


Корхонаи ҳастаии Форду

Корхонаи ҳастаии Форду

Амрико ва муттаҳидинаш Фаронсаву Бритониё шурӯъи Эрон ба ғанисозии уран дар сатҳи баланд дар як корхонаи зеризаминиро маҳкум карда, ин иқдомро нақзи қонуни байналмилалӣ номиданд. Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дирӯз таъйид кард, ки Эрон феълан дар корхонаи Форду, воқеъ дар 150-километрии ғарби Теҳрон, ба ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад пардохтааст. Бино ба хабарҳо, урани дар чунин сатҳ ғанишударо метавон ба осонӣ дар кулоҳакҳои ҳастаӣ ҷо кард. Фаронса иқдоми Эрон қатъиян маҳкум кард. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг инро як амали иғвоангез номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ғанисозии уран дар корхонаи нави Эрон боиси ташдиди бештари баҳси ҳастаии Теҳрон бо ҷомиаи байналмилалӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG