Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қариб 200 узви гурӯҳҳои ифротӣ дар як сол


Дар соли 2011 дар Тоҷикистон ҳудуди 200 узви гурӯҳҳои террористиву ифротӣ боздошт шуда, 168 нафар аз ин шумор ба муҳлатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд. Муовини додситони кулл Абдуқодир Муҳаммадиев имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, аксари ин боздоштшудагон марбут ба Ҳаракатии исломии Узбакистон буда, танҳо дар рӯзи 30 декабр парвандаи боз 33 узви ин гурӯҳи мамнӯъ ба додгоҳи вилояти Суғд ирсол шуд. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, соли гузашта 17 парванда алайҳи пайравони Ҳизби Таҳрир ва 4 парванда зидди “Ҷамоати таблиғ” боз шудааст.
XS
SM
MD
LG