Пайвандҳои дастрасӣ

Сандуқи байналмилалии пул(СБП) ба Тоҷикистон 20 миллион доллар воми нав медиҳад. Ин транши панҷум аз барномаи “Механизми васеъи қарздиҳӣ”-ст, ки ҳазинаи умумиаш 141 миллион долларрро ташкил медиҳад. Ин барномаи сесола дар соли 2009 ибтидо ба маблағи 116 миллион доллар тасвиб шуд, вале баъдан ба он 25 миллион доллари дигарро афзуданд. Намояндаи СБП Жу Мин аз суръати эҳёи рушди иқтисод ва коҳиши таваррум дар Тоҷикистон ситоиш кард, вале гуфт, Тоҷикистон боз ҳам ба як силсила чолишҳо дар роҳи рушд рӯбарӯст ва афзоиши нархи маводи сӯхт ба мувозинати пардохти Душанбе дар соли 2011 таъсири ҷиддии манфӣ расонд.
XS
SM
MD
LG