Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи тағйироти кадрӣ. Вазири маориф аз мақом рафт


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, ки ҳоло раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин шуд

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, ки ҳоло раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин шуд

Абдуҷаббор Раҳмонов аз мақоми вазири маориф барканор ва раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин гардид.

Бо фармони раиси ҳукумати Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов аз мақоми вазири маорифи кишвар барканор шуд.

Ӯ, ки аз моҳи марти соли 2005 дар курсии вазири маориф такя зада буд, ҳоло ректор ё раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардидааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов дар тӯли тақрибан ҳафт соли вазир буданаш борҳо дар сархати расонаҳои дохилу хориҷи кишвар қарор гирифтааст. Махсусан, ба далели ҷорӣ кардани пӯшиши ягонаи мактабӣ, монеъ шудан ба вуруди духтарони ҳиҷобдор, манъи "Занги охирин" ва манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои Тоҷикистон.

Бо ин вуҷуд, ӯ аз ҷумлаи вазирони ошкоргӯ ба ҳисоб мерафт, ки роҷеъ ба вуҷуди камбуд ва мавридҳои фасоди молӣ дар соҳаи маориф бо хабарнигорон рӯшод сӯҳбат мекард. Бархе аз коршиносон низ мегӯянд, замоне Абдуҷаббор Раҳмонов ба вазорати маориф омад, ин бахши муҳим ба мушкил печида, ба як ислоҳот ниёз дошт. Ва ҷаноби Раҳмонов ба фарқ аз вазирони қаблӣ бо як дилгармӣ ба кори худ тавонист, ки бахше аз ин мушкилҳоро рафъ бикунад.

Ҳамакнун Нуриддин Саидов, ки то ин замон раҳбарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, бо амри раиси ҳукумати кишвар вазири маориф таъйин шуд. Ӯро дар мақоми раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, собиқ ноибаш иваз кардааст.

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов, ки дар пайи фирори бесобиқаи 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита аз мақомаш барканор шуда буд, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъйин шудааст. Ҳафтаи гузашта Ҳайбулло Латипов, раиси пешини Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз мақомаш барканор гардида буд.

Бо амри дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов вазифаи раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибӣ кардааст. Ин мақомро Сӯҳроб Шарифов дар пайи узви порлумони Тоҷикистон интихоб гардиданаш дар моҳи декабри соли гузашта холӣ гузошта буд.

Бобохон Маҳмадов дар гузашта вазири фарҳанг, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва сафири ин кишвар дар Узбакистон будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG