Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба Ҷоми Иттиҳод-2012 омодагӣ мебинад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста 23 футболбози синнашон то 21-сола аз 7 бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар ширкат доранд, ки инҳоянд:

дарвозабонҳо – Фаррух Бердиев (“Парвоз”, Бобоҷон Ғафуров), Саид Саидраҳмонов (“Равшан”, Кӯлоб);

ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”, Душанбе), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Сергей Абрамов (ҳарсе - “Вахш”, Қӯрғонтеппа), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”, Ваҳдат), Адиб Мародмамадов (“Энергетик”, Душанбе);

нимҳимоятгарон - Самад Шоҳзуҳуров, Бахтиёр Чориев, Абдусамад Ҳоҷибоев, Сафархон Мирзоев, Аҳтам Назаров (ҳама - “Энергетик”), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирӯз Бобиев (ҳарсе - “Истиқлол”), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Комрони Мирзохон (ҳарчор - “Вахш”), Расул Файзов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода);

ҳамлагарон - Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) ва Наврӯз Рустамов (“Равшан”).

Дар акс: Салоҳиддин Ғафуров (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии ёвараш Мубин Эргашев

Дар акс: Салоҳиддин Ғафуров (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии ёвараш Мубин Эргашев

Ба гуфтаи ҷаноби Ғафуров дарвозабони тими “Энергетик” Миралӣ Муродов, ки ба дастаи мунтахаби ҷавонон даъват шуда буд, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ наомад ва ҷойи ӯро Саид Саидраҳмонов (“Равшан”) гирифт.
Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари “Истиқлол”, ба иллати латхӯрӣ дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2012 иштирок карда наметавонад. Ба ҷойи ӯ ба даста Наврӯз Рустамов, ҳамлагари тими “Равшан”, даъват шудааст.

Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари тими “Регар-ТадАЗ”, ки дар айни ҳол барои санҷиш дар Молдова мебошад, пеш аз оғози Ҷоми Иттиҳод ба шаҳри Санкт-Петербург меояд.

Салоҳиддин Ғафуров афзуд, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак рӯзи 16-уми январ ба анҷом мерасад ва футболбозони тоҷик пас аз як рӯзи он ба Русия сафар хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 19-ум то 29-уми январ дар толорҳои варзишии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Дар Ҷоми Иттиҳод барои бори аввал дастаҳои мунтахаби ҷавонони 11 кишвари Ҷомеаи Маштаракулманофеъ, инчунин, тими мунтахаби ҷавонони Эрон ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Литва ва Эрон рақобат хоҳанд кард. Бар асоси тақвими бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ бо тими Литва, 21-уми январ бо дастаи Беларус ва 23-юми январ бо тими Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон ва ба гурӯҳи “B” тимҳои Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия дохиланд.

Тақвими бозиҳо:

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова.
14.15. Қирғизистон – Латвия.
17.00. Русия – Қазоқистон.
20.00. Эстония – Туркманистон.

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон.
15.00. Тоҷикистон – Литва.
17.30. Қазоқистон – Туркманистон.
20.00. Русия – Эстония.

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон.
15.00. Молдова– Латвия.
17.30. Беларус – Тоҷикистон.
20.00. Эрон - Литва.

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия.
15.00. Молдова – Қирғизистон.
17.30. Қазоқистон - Эстония.
20.00. Русия – Туркманистон.

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва.
20.00. Эрон – Тоҷикистон.

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ

12.30. ¼ финал.
15.00. ¼ финал.
17.30. ¼ финал.
20.00. ¼ финал.

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

27-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
15.00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
17.30. 1/2 финал.
20.00. 1/2 финал.

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум.
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум.

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум.
14.15. Бозӣ барои ҷойи 5-ум.
16.30. Бозӣ барои ҷойи 3-юм.
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG