Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди ИМА аз ғанисозии уран дар корхонаи зеризаминии Эрон


ИМА, Бритониё ва Фаронса шурӯъи ғанисозии урианиум аз сӯи Эрон дар корхонаи зеризаминии канори шаҳри Қумро маҳкум карданд. Дар изҳороти вазоратҳои хориҷии ин се кишвар амали Теҳрон чун “дасиса, бемасъулиятӣ ва нақзи қавонини байнулмилал" арзёбӣ шудааст.

Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ рӯзи душанбе тайид кард, ки Эрон ба ғанисозиии ураниум дар корхонаи зеризаминии атрофи шаҳри Қум шурӯъ кардааст.

ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Ба ин хотир онҳо алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ карданд ва Иттиҳодияи Аврупо мавзӯъи эълони эмбаргои нафти Эронро баррасӣ мекунад. Шоми дирӯз раҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманей дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони миллӣ бори дигар изҳор намуд, ки бо вуҷуди ташдиди таҳримҳои Ғарб Теҳрон аз барномаи ҳастаияш даст намебардорад.
XS
SM
MD
LG