Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷек Лю раиси дафтари Кохи Сафед таъин шуд


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, раиси дафтари Кохи Сафедро иваз кард. Ба ҷойи Билл Дейлӣ, ки дар ин мақом ҳамагӣ як сол фаъолият дошт, Ҷек Лю, раиси дафтари раисиҷумҳур таъин шуд.

Лю, ки қаблан муовини вазири умури хориҷӣ буд, дар Конгресс робитаҳои хуб дорад ва дар музокироти Кохи Сафед бо Конгресс оид ба боло бурдани сатҳи қарзи дохилии Амрико нақши муҳим бозида буд. Коршиносон ин тағйиротро бо вазифаҳои нави Кохи Сафед дар соли баргузории интихоботи президентӣ бастагӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG