Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Pittore мунҷар ба ҳалокати ду нафар шуд


Шумораи осебдидагон аз таркиш дар тарабхонаи итолёвии Pittore, воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав, ба 39 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, ду нафар ба ҳалокат расида, 32 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар робита ба ин таркиш аз рӯи бандҳои “ҳалокати одамон бар асари беэҳтиётӣ” ва “хизматрасонии бидуни таъмини амният” парвнадаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бар асари таркиши балонҳои газ дар ин тарабхона сӯхтор ба амал омад ва як қисми болопӯши бино фурӯ рехт.

Шаҳрдории Маскав изҳор намуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён ба маблағи як миллион рублӣ ва ба осебдидаҳо ба маблағи 500 ҳазор рублӣ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
XS
SM
MD
LG