Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эрдуғон аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия


Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ҳушдор дод, ки дар Сурия ҳар лаҳза бар пояи адовати диниву қавмӣ метавонад ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шавад.

Дар нишасти хабарӣ дар Анкара ӯ бори дигар ҳукумати Башор Асадро дар куштори бераҳмонаи шаҳрвандон айбдор кард. Ба гуфтаи Эрдуғон, Туркия нақши аслӣ дар ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурияро бар дӯш мегирад, зеро ин низоъ ба манфиатҳои Туркия ҳам таҳдид мекунад.

Аз ин пеш Лигаи кишварҳои араб аз Димишқ даъват намуд, ки барои нозирони байнулмилалӣ шароити мусоиди кор фароҳам кунад. Ҳамзамон ин ниҳод даъвати мухолифини Сурия барои бо нозирони СММ иваз кардани нозирони кишварҳои арабро рад кард.
XS
SM
MD
LG