Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ ғанисозии уран дар корхонаи зеризаминии Эронро тайид кард


Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ рӯзи душанбе тайид кард, ки Эрон ба ғанисозиии ураниум дар корхонаи зеризаминии канори шаҳри Қум шурӯъ кардааст.

ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва ба ин хотир онҳо алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ карданд ва Иттиҳодияи Аврупо мавзӯъи эълони эмбаргои нафти Эронро баррасӣ мекунад.

Шоми дирӯз раҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманей дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони миллӣ бори дигар изҳор намуд, ки бо вуҷуди ташдиди таҳримҳои Ғарб Теҳрон аз барномаи ҳастаияш даст намебардорад.

Дар ҳамин ҳол дирӯз сафари расмиии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Венесуэла шурӯъ шуд. Мавқеъҳои ду кишвар моҳҳои ахир хело наздиктар шуданд. Дар арафаи сафари Аҳмадинажод раҳбари Венесуэла Уго Чавес талошҳои ИМА барои ҷилавгирӣ аз таҳкими равобити Эрон бо кишварҳои Амрикои Лотинро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG