Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи Саркозӣ имзои аҳдномаи Иттиҳодияи Аврупо


Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, имрӯз хост, то паймони нави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки меъёрҳои сахтгиронаи харҷи буҷаи давлатиро пешбинӣ мекунад, то рӯзи 1 март имзо шавад. Ӯ дар як нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар шаҳри Берлин гуфт: “Мо мехоҳем музокирот дар бораи аҳдномаи байниҳукуматӣ рӯзҳои наздик ҷамъбаст шавад ва аҳдномаро то рӯзи як март имзо кунем.“ Ҳарду раҳбар ҳамчунин гуфтанд, омодаанд, масъалаи ихтисоси маблағ ба Бунёди Кӯмаки Молии 17 кишвари ҳавзаи евроро баррасӣ намоянд. Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талош доранд, то аз амиқрафти бӯҳрони молӣ дар кишварҳои дармонда дар қарзи зиёди ҳавзаи евро ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG