Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисор. Се бозори валангор ва даҳҳо тоҷири бекор


Бозори марказии ноҳияи Ҳисор

Бозори марказии ноҳияи Ҳисор

Даҳҳо тоҷири маркази Ҳисор дар пайи баста шудани бозорҳои собиқи шаҳрак аз ҷои кор маҳрум шудаанд.

Онҳо мегӯянд, бино ба ваъдаи масъулини бозори нав, бояд бо дӯкону растаҳо таъмин мешуданд, аммо бо гузашти як ҳафта ҳанӯз аз раставу дӯконҳо хабаре нест.

Як тоҷирзан, ки худро Лутфия муаррифӣ кард, гуфт, ӯ қаблан маблағи растаи худро дар бозори нав пардохт карда буд, аммо ҳоло ҷои ӯро ба нафари дигар додаанд: "Мо ҳам халқем, мо ҳам барои ризқу рӯзиамон ҷон меканем. Ягон савдогарро ин ҷо намебинӣ. Ягон нафар патент надорад."

Ҳоло тоҷирон дар дохили бино гирдиҳам омада аз мақомот ҳалли мушкили худро талаб доранд. Масъулин мегӯянд, се ​бозори шаҳрак – "Сафар", "Деҳқон" ва бозори марказӣ, ки дар майдони тақрибан 2 гектар фаъолият мекарданд, бояд ба хотири васеъ кардани роҳи марказӣ тахриб ва ба бозори 14 - гектара воқеъ дар маркази шаҳрак кӯчонида шаванд.

Нурмаҳмад Аҳмедов, муовини раиси ноҳияи Ҳисор мегӯяд, онҳое, ки бо асноди зарурӣ дар ин бозорҳо фаъолият мекарданд, дар бозори нав бо ҷой таъмин хоҳанд шуд: "Касе ба онҳо нагуфтааст, ки барои Шумо ҷои кор нест ё баромада равед ё баред молатонро ба об партоед. Агар дуруст ҳисоб кунем, қисмати зиёди онҳое, ки имрӯз даъво доранд, дар гузашта ғайриқонунӣ амал мекарданд. Аксари онҳо дар сари роҳ савдо мекарданд, ки ин нодуруст буд."

Ба гуфтаи ҷаноби Аҳмедов, иҷрои нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор аз 1-уми январи соли равон шурӯъ шуда, соли 2015 ба охир хоҳад расид. Зеро бар пояи қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар ин сол 3000-солагии Ҳисор таҷлил хоҳад шуд ва ба пешвози он иншооту сохтмони зиёд ба ҳудуди 880 миллион сомонӣ сохта хоҳанд шуд. Вай гуфт, ҳамчунин аз 1-уми марти соли равон таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода шурӯъ мешавад ва барои таъмини он бо масолеҳи зарурӣ, роҳҳои озод тариқи шаҳраки Ҳисор лозиманд.



Дар ҳоле ки мақомот бар зарурати нақшаи генералӣ таъкид менамоянд, тоҷирон мегӯянд, афроди алоҳида мехоҳанд аз вазъ истифода кунанд. Як тоҷир, ки худро Ҳамид муаррифӣ кард, гуфт, дар бозори нави шаҳрак афроде бо ҷои кор таъмин мешаванд, ки қаблан дар бозорҳо фаъолият намекарданд: "Аз рӯи ҳуҷҷат, масалан, патент, аз рӯи чек маълум кардан мумкин аст. Одамоне, ки он ҷо кор мекарданд, якдигарро медонанд. Мешавад, ки ба ҳамин роҳ маълум намуд ва растаҳоро тақсим кард."

Як масъули бозори нав, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозор ҳанӯз такмил нашудааст, аз ин хотир, на ҳама бо раста ё дӯкон таъмин шудаанд.

Вай гуфт, "дароед, бинед, ки мардум бо тиҷорати худ машғуланд. Ҳанӯз бозор пурра омода нашудааст. Дар растаи гӯштфурӯшон 43 дӯкон омода шуд, ба кор сар карданд. Дирӯз либосфурӯширо омода кардем. Бақияашро ҳам омода ва ба мардум тақсим мекунем."

Мақомот мегӯянд, тибқи нақшаи умумӣ, дар Ҳисор тағйироти ҷиддӣ ба амал меоянд ва боз чандин маҳалли маркази ноҳия ба хотири васеъ кардани роҳ ё иншооти нав кӯчонда хоҳанд шуд. Аз ҷумла, роҳи марказии шаҳрак, ки ҳоло 16 метр аст, то 34 метр васеъ карда мешавад ва иншооти атрофи он бояд тахриб шаванд.

Коршиносон мегӯянд, иҷрои нақшаи “генералӣ” эътирозҳои дигарро ҳам дар пай хоҳад дошт. Саидэҳсони Ҷалол, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, "аз рӯи нақшаи кулле, ки ҳукумати Ҳисор дорад, то деҳаҳо ҳам ин гуна тахрибкуниҳо ба хотири ободкуниҳо мешаванд. Масалан, деҳаи атрофи Қалъаи Ҳисор ҳам қисман бояд бикӯчад. Яъне, ҳукумат бояд ҷиддан сари ҷуброн фикр кунад."

Аммо Нурмаҳмад Аҳмедов гуфт, дар масъалаи ҷуброни манозили истиқомативу иншоотҳои тахрибшаванда ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо то ба ҳол хулосаи мушаххасеро дар даст надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG