Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори давлати Чин ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико


Давлати Чин имрӯз стротегияи нави дифоъии Амрикоро интиқод кард, ки Осиё дар он мавқеъи марказӣ дорад. Ин стратегияро рӯзи панҷшанбе Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико муаррифӣ кард, ки дар он тақвияти ҳузури низомии Амрико дар Осиёву Уқёнусия таъкид шудааст. Вазорати дифоъи Чин ба Амрико ҳушдор дод, ки “дар ҳарфу рафтораш эҳтиёткор бошад” ва афзуд, стратегияи нави дифоъии Амрикоро бодиққат мушоҳида хоҳад кард, ки ба нуфузи Чин дар он таваҷҷӯҳи хос дода шудааст.
XS
SM
MD
LG