Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: "Эрон аз барномаҳои атомиаш даст намекашад"


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон, дар як суханронии телевизионӣ имрӯз гуфт, бо вуҷуди эъмоли таҳримҳои изофӣ аз тарафи Ғарб, кишвараш аз барномаҳои баҳсбарангези атомиаш даст нахоҳад кашид. Амрико ва муттаҳидонаш мегӯянд, Эрон таҳти пардаи барномаҳои сулҳомези атомӣ мехоҳад, бомби атомӣ бисозад ва чанде пеш бо Иттиҳодияи Аврупо таҳримот алайҳи Эронро васеътар карданд. Эрон чунин иддаъоҳоро рад мекунад, вале талабҳои Шӯрои Амният барои боздошти ғанисозии ураниумро иҷро накардааст. Бино ба гузоришҳо, чанде пеш мутахассисони эронӣ ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ дар таъсисоти зеризаминии Фордо дар наздикии шаҳри Қум шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG