Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрҳои "ҷолиби" вазири умури дохилии Тоҷикистон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Рамазон Раҳимов, раҳбари нави вазорати умури дохилии Тоҷикистон писару бародарашро аз кор дар ниҳодҳои тобеъи вазорат озод кардааст. Хабаргузории “Азия Плюс” навиштааст, Рамазон Раҳимов мехоҳад, намунае дар роҳи мубориза алайҳи непотизм ва ё қавмгароӣ бошад, ки як навъи густурдаи фасод дар Тоҷикистон аст. Бо амрҳои Рамазон Раҳимов писараш Дилшод, лейтенант ва маъмури фаврии милисаи шаҳри Душанбе ва бародараш Раҳмонқул, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд аз мақомаш барканор шудаанд. Дар Тоҷикистон, раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ҳақ надоранд, хешовандони худро ба ниҳодҳои тобеъи худ ба кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG