Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Эрон. 20 соли равобити ҳамзабонон


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Маҳмуди Аҳмадинажод

Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Маҳмуди Аҳмадинажод

Аз оғози равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон, ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, бист сол гузашт.

Бист сол пеш аз ин, моҳи январи соли 1992, санади барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид, ки дар тӯли ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ аз ҳам ҷудо буданд.

Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 9 январ гуфт, Эрон аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар моҳи сентябри соли 1991 эътироф карда, баъдан намояндагии дипломатияшро дар Душанбе боз намуд.

Ин масъули Вазорати умури хориҷӣ афзуд, дар шароити кунунӣ Эрон яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар идомаи бист соли охир миёни ин ду кишвар бештар аз 100 қарордод имзо шудааст.

Аммо Тоҷикистон бо Эрон 20-умин солгарди муносиботи худро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки дуввумӣ дар пайи танишҳо бар сари гулӯгоҳи Ҳурмуз ва баҳси то ҳол ҳалношудаи барномаи ҳастаияш дар инзивои бештари байнулмилалӣ қарор гирифтааст.

Давлат Назрӣ

Давлат Назрӣ

Давлат Назрӣ муколамаи сиёсиро роҳи ҳалли ин мушкили байнулмилалӣ дониста ва гуфт, "ҳамаи мушкилоте, ки дар миёни кишварҳои узви Созмони Милал ба вуҷуд меояд, бояд аз тариқи гуфтушунид ҳал гарданд. Дар нисбати Эрон низ бояд аз ин шева кор гирифта шавад ва масоил бо хушӣ ва бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл гардад."

Тоҷикистон дар мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон, ки муддати чанд соли ахир мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, мавқеи ҷонибдориро касб кардааст. Зеро масъулони давлати Тоҷикистон мӯътақиданд, ки Эрон ин масъаларо ба ҳадафи осоишта рӯи даст гирифтааст. Ба қавли масъули дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, "мо аз ҳамкорӣ бо Эрон даст накашидаем ва минбаъд низ дар мавзӯи истифодаи сулҳомез ва ё осоиштаи маводи ҳастаӣ онро ҷонибдорӣ мекунем."

Дар навори зер: Назари сокинони Душанбе ба муносибати Тоҷикистону Эрон


Мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Эронро самимона арзёбӣ мекунанд. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, самимиятро танҳо дар муносибот ва равобити мардуми ҳар ду кишвар метавон дарёфт, на дар сатҳи болоӣ.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бар ин назар аст, ки низомҳои мутафовит ё гуногуни идорӣ дар ҳар ду кишвар монеи ин "самимият" шудаааст. "Вақте низомҳо мухталиф аст, дар сатҳи олӣ самимият буда наметавонад. Агар Тоҷикистон талоши наздикӣ бо Эрон кунад, ин боиси ранҷиши дигар кишварҳои абарқудрат мешавад",-гуфт ӯ.

Аз ҷониби дигар бархе аз соҳибназарон аз зиёд наздикшавии Душанбеву Теҳрон, ки ду идеологияи аз ҳам мухталифро пайгирӣ мекунанд, зиёд хушбин нестанд. Илова ба ин, бархе аз рӯҳониёни тоҷик низ аз робитаи танготанг бо Эроне, ки қисмати зиёди мардумаш шиамазб мебошад, ҷонибдорӣ намекунанд.

Бо ин вуҷуд, Эрон дар баробари Чину Русия низ яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад. Дар тӯли бист соли равобити дипломатӣ Эрон дар Тоҷикистон туннел ё нақби "Истиқлол"-ро сохта, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро низ ба истифода додааст. Агар дар соли 2003 Эрон бо 31 миллион доллар маблағгузорӣ, ки 10 миллионаш кӯмак буд, ба сохтмони туннели "Истиқлол" оғоз кард, баъдан дар сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби Тоҷикистон 180 миллион доллар сармоя гузошт.

Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар кишвар бештар аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд. Ин аст, ки танҳо дар нӯҳ моҳи соли гузашта мизони табодули мол байни Тоҷикистон ва Эрон аз марзи 180 миллион доллар убур кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG