Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аҷсоди сарбозонашро аз Толибон гирифт


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар табодуле бо ҷангҷӯёни Толиб аҷсоди 10 сарбозро пас гирифтанд, ки дар даргирии ду тараф дар моҳи гузашта кушта шуданд. Артиши Покистон гуфт, ин 10 сарбоз баъди юриши ҷангҷӯён ба посгоҳи онҳо дар рӯзи 21 декабр бенишон шуданд. Дар ин ҳамла 13 сарбози дигар ҷон доданд. Эҳсонулло Эҳсон, сухангӯи Толибони Покистон гуфт, онҳо дар ивази аҷсоди сарбозон, 10 ҷасади аъзои худро гирифтанд. Чор рӯз пештар аз ин мақомоти Покистон аҷсоди 15 шибҳанизомиро дар вилояти Вазиристони Шимолӣ пайдо карданд, ки ду ҳафта пеш ба асорати тундравон афтоданд.
XS
SM
MD
LG