Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонов мегӯяд, мушкили мактабҳо ҳанӯз зиёд аст


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бештар аз 900 нафар дарс мегӯянд, ки пешаашон омӯзгорӣ нест. Абдуҷаббор Раҳмонов имрӯз дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ба хотири таъмини мактабҳо бо омӯзгорон онҳо маҷбуранд хамткунандаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро низ ба кор ҷалб кунад: “Дар масъалаи нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ мо миқдоран масъалаи мазкурро ҳал кардем, ҳамагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 34 омӯзгор намерасад, лекин як қисме аз ин омӯзгорон маълумоти нопурра доранд”. То чанд соли пеш макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ба бештар аз 4 ҳазор омӯзгор мӯҳтоҷ буданд.
XS
SM
MD
LG