Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ва Саркозӣ бӯҳрони молиро баррасӣ мекунанд


Қарор аст, имрӯз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса дар шаҳри Берлин роҳҳои рафъи бӯҳрони молӣ дар Иттиҳодияи Аврупо, баррасӣ кунанд. Раҳбари ду кишвари тавонотарини Иттиҳодияи Аврупо ғолибан масъалаи ситонидани навъи нави андоз аз муомилоти молӣ миёни бонкҳо дар саросари Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо Бритониё мухолифи ин кор аст, зеро ҳарос дорад, ки Лондон яке аз марказҳои аслии молии дунё аз ин навъи молиёт зиён мебинад. Бритониё, ки дар ҳавзаи евро нест, моҳи декабр бо мухолифат ба аҳдномаи ҳамгироии бештари молии кишварҳои ин ҳавза, талотумеро дар Иттиҳодияи Аврупо барангехт.
XS
SM
MD
LG