Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Аҳмадинажод аз Амрикои Лотинӣ шурӯъ шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, бо вуруд ба Венесуэла ба боздидаш аз чаҳор кишвари Амрикои Лотинӣ оғоз кард. Маҳмуди Аҳмадинажод дар аҳди раёсати ҷумҳуриаш бори панҷум аст, ки ба Венесуэла сафар мекунад ва қарор аст, бо шарику ҳамақидааш Ҳуго Чавез, ки пайваста сиёсати Амрикоро танқид мекунад, мулоқот анҷом диҳад. Пас аз ин Маҳмуди Аҳмадинажод ба Никарагуа, Куба ва Эквадор сафар хоҳад кард. Дар остонаи ин боздид, давлати Амрико аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ хост, бо Эрон наздик нашаванд. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, режими Ҷумҳурии Исломӣ бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш таҳти фишори афзояндаи байналмилалӣ қарор гирифта ва “мӯҳтоҷи дӯст” шудааст.
XS
SM
MD
LG