Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлае дар Афғонистон як сарбози ИМА кушта шуд


Дар Афғонистон як марди мусаллаҳ либоси сарбозӣ пӯшида ва бо тирандозӣ ба сӯи гурӯҳе аз сарбозони Амрико як нафар аз онҳоро кушта ва яке дигарро захмӣ кардааст. Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ҳодиса рӯзи якшанбе дар пойгоҳи низомии вилояти Зобул сурат гирифт ва марди мусаллаҳ дар ҳамлаи ҷавобӣ кушта шуд. Аммо дар баёнияи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон омадааст, ки як сарбози эътилофӣ зоҳиран дар ҳамлаи сарбози афғон кушта шуд. Муҳаммад Зоҳир Азимӣ гуфтааст, ҳоло маълум нашудааст, ки фарди мусаллаҳ сарбози афғон буд ва ё худро сарбоз вонамуд карда, вориди пойгоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG