Пайвандҳои дастрасӣ

Хунрезиҳои Сурия. Вуҷуди нозирон ҳам кӯмак накард


Эътирозҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия.

Эътирозҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия.

Лигаи кишварҳои араб гуфт, бо вуҷуди интиқодҳо теъдоди нозиронаш дар Сурияро то 300 нафар афзоиш медиҳад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ин иттиҳод шоми рӯзи якшанбе (8 январ) дар поёни нишасте дар шаҳри Қоҳира ба ин натиҷа расиданд.

Набил ал-Арабӣ, Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб дар ин нишаст гуфт, низоъ дар Сурия фақат аз роҳи музокироти ҳукумат ва мухолифин метавонад ҳаллу фасл шавад.

Ҳайати нозирони Лигаи кишварҳои араб, ки ба он 163 нафар шомиланд ва аз 26 декабр дар Сурия фаъолият мекунанд, барои он танқид шунид, ки бо вуҷуди ҳузураш хунрезӣ дар ин кишвар идома меёбад.

Охири ҳафтаи гузашта мухолифони Сурия аз Созмони Милал хостаанд, ба нозирони араб дар ҷилавгирӣ аз идомаи хушунат дар Сурия кӯмак кунад.

Нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия

Нозирони Лигаи кишварҳои араб дар Сурия

Валид ал-Банӣ, раиси бахши равобити байнулмилалии Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумати Димишқ, пас аз мулоқот бо дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо аз Лигаи кишварҳои Араб дархост кардем, ки агар барои онҳо ҳимояи мардуми мо мушкил аст, бо Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамкорӣ кунанд. Ин Лига бояд эътироф кунад, ки дар ҳифзи мардуми Сурия мушкил дорад ва биноан аз Шӯрои Амният дарёфти роҳҳои ҳимояи мардуми Сурияро дархост намояд.”

Аз ин пеш Бурҳон Голиён, раиси Шӯрои миллии Сурия, хостори хуруҷи нозирони Лигаи кишварҳои араб аз Сурия шуда изҳори умедворӣ карда буд, ки ба ҷойи онҳо ба кишвар нозирони СММ ворид мешаванд. Ӯ ҳамчунин ба хабаргузориҳо гуфт, ки давлатҳои ғарбӣ бояд дар ҳарими ҳавоии бархе навоҳии Сурия минтақаҳои мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои низомиро ташкил кунанд.

Иштибоҳҳои нозиронро чанд рӯз пеш сарвазири Қатар Ҳамад бин Ёсим, раиси Кумитаи Лига дар умури Сурия ҳам, иқрор кард. Аммо ӯ пешниҳоди порлумони кишварҳои арабиро дар бораи хуруҷи нозирон аз Сурия рад кард. Ба гуфтаи вакилони ин ниҳоди машваратӣ, "режими Башор Асад дар ҳузури ин нозирон ҳам ба куштори мухолифонаш идома медиҳад".

Шайх Ҳамад бини Ёсим ат-Танӣ, нахуствазири Қатар ҳангоми мулоқот бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия

Шайх Ҳамад бини Ёсим ат-Танӣ, нахуствазири Қатар ҳангоми мулоқот бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия

Шайх Ҳамад бини Ёсим ас-Сонӣ, нахуствазири Қатар, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки Димишқ шартҳои созиш бо Лигаи кишварҳои арабро иҷро намекунад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз артиш аз шаҳрҳое, ки он ҷо задухӯрдҳо бо мухолифини Башор Асад идома доранд, берун карда нашудааст. Зимнан, қабл аз вуруди нозирон шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, таъкид карда буд, ки берун кардани низомиён аз шаҳрҳои гирифтори эътирозҳо – аз талабҳои асосии Лигаи кишварҳои араб аз Димишқ аст. Ба гуфтаи ӯ, "Сурия бояд бо шартҳои тарҳи Лигаи кишварҳои араб, ки берун кардани низомиён аз маҳаллаҳои зист, раҳоии маҳбусон ва гуфтугӯ бо фаъолони мухолифинро дар назар дорад, розӣ шавад. Агар ниятҳои Димишқ поканд, пас, ин гомҳо бояд фавран бардошта шаванд".

Ба гуфтаи коршиносон, аз ин шартҳо Димишқ фақат яке – раҳоии маҳбусонро каму беш иҷро кардаст. Охири ҳафта ҳукумати Сурия эълом дошт, ки 500 маҳбусро озод кардааст. Охири соли гузашта 700 нафари дигар ҳам зиндонҳоро тарк намуда буданд. Аммо мухолифони Сурия мегӯянд, наздик ба 10 000 нафар дар боздошт ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол хунрезӣ дар Сурия идома дорад. Шабонарӯзи гузашта дар Сурия дастикам 20 нафар, аз ҷумла, 11 сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд. Сарбозони ҳукуматӣ бо низомиёни ба сафи мухолифин пайваста вориди бархӯрд шуданд. Рӯзи шанбе бар асари бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни Сурия камаш 27 нафар ҷон бохтанд. Бархӯрдҳо баъд аз маросими дафни қурбониёни таркиши мудҳиш дар пойтахт – шаҳри Димишқ сурат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар он таркиши маргталабона 26 нафар, асосан, кормандони хадамоти амният ва ҳифзи тартиботи Сурия ба ҳалокат расиданд. Дар ҳоле, ки Димишқ ин таркишро кори дасти гурӯҳҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ мехонад, мухолифини ҳукумати Башор Асад ҳадс мезананд, ки ин ҳамлаи маргталабона аз сӯи хадамоти амнияти кишвар тарҳрезӣ ва анҷом шудааст ва Димишқ ба ин васила мехоҳад ба нозирони Лигаи кишварҳои араб нишон диҳад, ки на бо мухолифини сиёсӣ, балки бо террористону тахрибкорон мубориза мебарад.

Бино ба иттилои Созмони Милал, аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад камаш 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.

Дар навори зер: Таркиш дар Димишқ 26 кушта бар ҷой гузошт

XS
SM
MD
LG