Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Эрон дар бораи боздошти чанд нафари гумонбар дар ҷосусӣ ба нафъи ИМА хабар доданд.

Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири кашфи Эрон, рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки афроди боздоштшуда ҳамчунин дар талоши халалдор намудани интихоботи парлумонии рӯзи 2 март айбдор мешаванд.Ба гуфтаи Муслиҳӣ, боздоштшудаҳо тавассути интернет бо дигар аъзои ин гурӯҳҳои мустақар берун аз хоки Эрон робита доштанд.

Таври маъмул, мақомоти Эрон аз ифшои ному насаби афроди дастгиршуда ва теъдоди онҳо худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG