Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллион доллар барои як тангаи мисӣ?


Як тангаи яксентаи мисии амрикоӣ дар як музояда дар аёлати Флоридаи ИМА бо қимати як миллиону 380 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Ин тангаи яксента соли 1793, замоне тавлид шудааст, ки Амрико аввал ба сохтани тангаҳои худӣ шурӯъ кард.

Фарде, ки ин тангаро харидорӣ кардааст, аз ифшои ному насабаш худдорӣ кард. Ба гуфтаи соҳибони музояда, тангаи яксента воқеъан ҳам хело нодир аст ва дар он ҳама навиштаҷот аз ҷумла чеҳраи Олиҳаи Озодӣ хуб боқӣ мондаанд. Ин тангаи нодир то ин вақт дар Филаделфия маҳфуз буд.

Дар болои танга Олиҳаи Озодӣ ва дар пушти танга занҷираи иборат аз 15 ҳалқа тасвир шудааст. Вақте, ки танга ба муомилот ворид шуд, аз тасвири занҷир дар он интиқод шуд, зеро ба гуфтаи мунаққидон занҷир рамзи ғуломист. Дар тангаҳои баъдӣ занҷирро бо гулчамбар иваз намуданд.
XS
SM
MD
LG