Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳзанҳои дарёӣ маллоҳони гурҷиро раҳо карданд


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ 15 маллоҳи гурҷиро, ки аз моҳи сентябри соли 2010 гаравгон буданд, раҳо карданд. Дар ин бора Оҷонси нақлиёти дарёии Гурҷистон хабар дод.

Аз ин пеш роҳзанҳо барои раҳоии маллоҳони гурҷӣ 9 миллион доллар талаб карда буданд ва аммо рӯшан нест, ки ин маблағ ба ивази раҳоии гурҷиҳо пардохт шудааст ё на. Ҳамчунин раҳо шудан ё нашудани се шаҳрванди Туркия, ки ҳамроҳ бо маллоҳони Гурҷистон дар киштии боркаши зери парчами Малта кор мекарданд, маълум нест.
XS
SM
MD
LG