Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод расман таслими Тариқ Ҳошимиро талаб кард


Тариқ Ҳошимӣ

Ҳукумати Ироқ расман аз мақомоти вилояти нимамухтори Курдистон хоҳиш кард, ки муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимӣ ва 12 ҷонибдори ӯро ба Бағдод таслим кунанд.

Намояндаи ҳукумати вилояти Курдистон изҳор намуд, ки дархости расмӣ дастрас шудааст ва аммо дар мавриди он ки мақомоти Курдистон ба он чӣ гуна посух хоҳанд дод, ӯ чизе нагуфт.

Моҳи гузашта, чанд рӯз баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ, вазорати дохилаи кишвар эълон кард, ки дастури боздошти Ҳошимӣ содир шудааст ва ӯ ба терроризм муттаҳам мешавад.

Баъд аз судури ин амр гурӯҳи “Ироқия”, ки аз суннимазҳабҳо ҳимоят мекунад, намояндагии вакилони худро дар порламон боздошт. Ин гурӯҳ эълом дошт, ки айни ҳол ҳама мақомҳои калидӣ дар ҳукумати Ироқ дар ихтиёри шиаҳост.

Тариқ Ҳошимӣ иттиҳоми терроризмро қатъӣ рад кард ва изҳор намуд, ки Бағдод ба ӯ бозрасии воқеъбинонаи додгоҳиро кафолат надодааст.

Тайи се ҳафтаи ахир дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод чандин таркиш рӯх дод, ки бар асари онҳо беш аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG