Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: ИМА ба бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз роҳ намедиҳад


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS гуфт, ки агар Эрон талоши бастани гулӯгоҳи Ҳурмузро кунад, Амрико аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт. Сеяки нафти ҷаҳон аз тариқи ин гулӯгоҳ интиқол меёбад. Дигар низомии баландпояи амрикоӣ – раиси кумитаи муттаҳидаи раҳбарони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Мартин Демпсӣ изҳор намуд, ки “Вошингтон барои боз кардани ин гулӯгоҳ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад”.

Аз ин пеш Эрон ҳушдор дода буд, ки дар сурати аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо эълон шудани эмбаргои нафти кишвар, гулугоҳи Ҳурмузро мебандад. Брюссел мавзӯъи эълони эмбаргои нафти Эронро охири ҳамин моҳ баррасӣ мекунад.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG