Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА дипломат аз Венесуэларо ихроҷ мекунад


Мақомоти ИМА консули кулли Венесуэла дар Майамӣ, аёлати Флоридаро аз кишвар берун мекунанд.

Сабаби расмии ихроҷи дипломат Ливия Коста Ногера эълон нашудааст. Бар пояи хабарҳо, соли 2008 хонум Ногера, ки он замон корманди сафорати Венесуэла дар Мексика буд, ҳамроҳ бо дипломатҳои Эрон ва Куба имкони ташкили ҳамлаи хакерӣ ба баъзе муассисаҳои амрикоиро баррасӣ карда буд.

Чанде пеш чаҳор узви Конгресси ИМА аз вазири умури хориҷии Амркио Ҳилларӣ Клинтон хоҳиш карданд, ки он ҳодисаро тафтиш ва Ливия Ногераро аз ИМА берун кунад, зеро аъмоли ин дипломат таҳдид ба манфиатҳои Амрикост.
XS
SM
MD
LG