Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мавриди нави худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон


Дар вилояти Суғд боз 2 мавриди худкушӣ сабт шуда, аз ҷумла як хонандаи синфи 11 даст ба ҷони худ задааст. Ҷасади ба дор овехтаи ин наврасро дар ноҳияи Шаҳристон ҳамсоягонаш пайдо кардаанд. Аммо дар ноҳияи Ашт як сокини 43-солаи рустои Шайдон низ аз роҳи дор риштаи умри худро қатъ кардааст. Дар соли 2011 дар вилояти Суғд 235 мавриди қасди худкушӣ сабт шуда буд.
XS
SM
MD
LG