Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди сарвазири Қатар аз рафтори Сурия


Шайх Ҳамад бин Ҷассим Аз-Занӣ
Шайх Ҳамад бин Ҷассим Аз-Занӣ
Вузарои хориҷаи Лигаи Араб имрӯз натоиҷи ду ҳафтаи аввали кори нозирони ин созмон дар Сурияро арзёбӣ мекунанд. Қабл аз нишасти Қоҳира сарвазири Қатар Шайх Ҳамад бин Ҷассим Аз-Занӣ гуфт, режими Сурия шароити роҳкори сулҳро иҷро накард, нирӯҳояшро аз шаҳрҳо берун накашид ва куштор низ поён наёфтааст. Нозирони Лигаи араб таҳти оташи интиқод қарор дорад, ки то ҳол дар амри хатми хушунат алайҳи эътирозгарон коре накардааст. Мухолифини режими Башор Асад хостаанд, ки маъмурияти ин нозирон ноком эътироф шуда, масъалаи Сурия ба дасти СММ супурда шавад. Аммо интизор намеравад, ки нишасти Лигаи Араб дар Қоҳира нозиронашро аз Сурия фаро бихонад. Бо ин ҳол, имрӯз дар даргириҳо дар Даръо 11 сарбози артиши Сурия кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, тайи 10 моҳи ошӯбҳои Сурия беш аз 5 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG