Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул дар Юнону Булғористон сафорат мекушояд


Ҷонон Мӯсозай

Ҷонон Мӯсозай

Кобул мехоҳад то поёни моҳи март дар Юнону Булғористон сафорат боз кунад. Ҷонон Мӯсозай, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, ҳадаф расидагӣ ба сарнавишти муҳоҷирони ғайриқонунии афғон аст, ки ҳар сол то 50 000 нафараш вориди Юнон шуда, аксар бе пулу бе аснод дар ин ҷо банд мемонанд ё ҳатто боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Мӯсозай гуфт, як ҳайъати давлатӣ дар поёни соли гузашта ба афғонҳое, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, 650 шиноснома дода, аз мақомоти Юнон хост, то 100 афғони дигарро ҳам аз боздоштгоҳҳояш раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG