Пайвандҳои дастрасӣ

Офати нави зистмуҳитӣ дар соҳили Зеландияи нав


Як киштии боркаше, ки 3 моҳ пеш дар соҳили Зеландияи нав тасодум карда буд, бар асари тӯфон ду пора шуда, тарси бурузи як офати нави зистмуҳитиро ба бор овардааст. Киштии юнонии “Rena” қариб 300 контейнер дошт, ки аксараш ғолибан ғарқ хоҳад шуд. Хуруҷи нафт аз ин киштӣ дар моҳи октябр бадтарин офат дар обҳои Зеландияи нав эътироф шуда буд. Интизор меравад, дар рӯзҳои наздик боз миқдоре нафт аз ин киштӣ ба баҳр бирезад, вале ин бор на ба андозае, ки дар офати аввали се моҳи пеш мушоҳида шуда буд.
XS
SM
MD
LG