Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар Ню-Ҳампшир


Митт Ромнӣ бо ҳамсараш Энн
Митт Ромнӣ бо ҳамсараш Энн
Шаби шанбе баҳси номзадҳои ҷумҳурихоҳ ба интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Амрико дар аёлати Ню-Ҳампшир доир шуд. Интихоботи муқаддамотии номзади ҷумҳурихоҳон дар ин аёлат рӯзи сешанбе баргузор мешавад. Рақибони дигар дар ин баҳс асосан ба Митт Ромнӣ, волии собиқи аёлати Массачусеттс ҳамла карданд. Аммо Ромнӣ, ки қаблан дар аёлати Айова баранда шуд ва дар Ню-Ҳампшир низ бар рақибонаш бартарӣ дорад, дар баҳси дирӯза асосан ба интиқод аз раисиҷумҳури кунунӣ Барак Обама пардохт. Митт Ромнӣ қасд дорад, дар интихоботи моҳи ноябр бо Обама дасту панҷа нарм кунад.
XS
SM
MD
LG