Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳаргул: "Мехоҳам онҳоро дар зиндон бубинам"


Саҳаргул дар бемористони Вазир Акбархони Кобул

Саҳаргул дар бемористони Вазир Акбархони Кобул

Як духтари 15-солаи афғон, ки дар пайи издивоҷ тайи чандин моҳ мавриди шиканҷаи аъзои хонаводаи шавҳараш қарор дошт, мукарраран хостори муҷозоти онҳое шуд, ки ӯро азият медоданд. Саҳаргул, ки аз поёни моҳи декабр дар бемористони Кобул табобат мегирад, гуфт, умедвор аст, ки шавҳар ва аҳли хонаводаи ӯро ба зиндон хоҳанд кашонд. Пулиси вилояти Бағлон мегӯяд, ки Саҳаргуллро дар хона қуфл карда, талаб мекарданд, ки танфурӯшӣ кунад. Пулис феълан шавҳари ӯро таҳти таъқиб қарор додааст. Синни ҳадди ақали издивоҷи духтарон дар Афғонистон 16 аст, вале ба гуфтаи СММ, шумори зиёдеро ҳанӯз ба 15 ҳам нарасида, ба шавҳар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG