Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанисозии урани Эрон ба Форду хоҳад кӯчид


Фаридун Аббосӣ
Фаридун Аббосӣ
Раҳбари созмони ҳастаии Эрон гуфт, корхонаи ғанисозии уран дар умқи замин “дар зудтарин фурсат фаъол хоҳад шуд". Рӯзномаи “Кайҳон” аз қавли Фаридун Аббосӣ хабар дод, ки дар корхонаи ҳастаии Форду ғанисозиро метавон дар сатҳи 20 дарсад анҷом дод. Ин корхона дар наздикии Қум ва зоҳиран ба хотири ҳимоят аз ҳамлаҳо дар дохили кӯҳ сохта шудааст.
Алорағми даъватҳои байналмилалӣ ба қатъи ғанисозӣ, Теҳрон дар тобистони гузашта эълом кард, ки ғанисозии уран дар сатҳи болотарро ба як корхонаи нав мекӯчонад. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҳадафи Эрон сохтани бомби ҳастаист. Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG