Пайвандҳои дастрасӣ

"Зиндониёни афғон дар Багром шиканҷа мешаванд"


Зиндони Багром дар Афғонистон

Зиндони Багром дар Афғонистон

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, маҳбусони афғон дар зиндони Багром мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ҳайати давлатии Афғонистон, ки ахиран аз зиндони Багром дидан намудааст, мегӯяд, бадрафторӣ, шиканҷаи баданӣ, дашном ва надодани хӯрок ба зиндониён аз маворидест, ки аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба зиндониёни афғон дар Багром сурат гирифтааст.

Ин ҳайат, ки раёсати онро раиси Комиссияи назорат бар татбиқи Қонуни асосии Афғонистон бар ӯҳда доштааст, рӯзи шанбе дар ҳузури хабарнигорон ба зарурати вогузории масъулияти ин зиндон ба ҳукумати Афғонистон таъкид кардааст.

Раиси ин ҳайат афзудааст, ки дар ҷараёни боздидашон аз зиндони Багром бо бархе аз намояндагони зиндониён дидор намуда ва мушкилоташонро шунидаанд. Дар таркиби ин ҳайат, намояндагон аз вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, адлия ва Раёсати амнияти миллии Афғонистон шомил будаанд. Дар ҳоли ҳозир зиндони Бағром, воқеъ дар вилояти Парвон аз сӯи нерӯҳои афғон ва байнулмилалӣ назорат мешавад.

Бар асоси созиши қаблӣ миёни Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилалӣ, қарор буд масъулияти пурраи ин зиндон дар моҳи январи соли 2012 ба ҳукумати Афғонистон супурда шавад. Аммо гузоришҳои нашршуда аз сӯи СММ ва бархе ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар мавриди мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои таҳти идораи ҳукумати Афғонистон, сабаб шуд то НАТО раванди супурдани масъулияти зиндонҳо ба ин ҳукуматро ба таъхир биандозад.

Ҳамзамон Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбе як ҳайатро вазифадор намудааст, то дар ростои интиқоли масъулияти назорати ин зиндон ба ҳукумати Афғонистон иқдом намояд. Комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон низ аз ин иқдом истиқбол намудааст.

Дар ҳамин ҳол Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, онҳо ҳар гуна иддао дар мавриди нақзи ҳуқуқи зиндониён дар ин зиндонро ҷиддӣ мегиранд ва ИМА дар маҳбасҳои таҳти назорати худ ҳар гомеро барои ҳифзи ҳуқуқи зиндониёни мебардорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG