Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод барои 5 рӯз ба Амрикои лотинӣ рафт


Маҳмуди Аҳмадинажод (Акс аз бойгонӣ)
Маҳмуди Аҳмадинажод (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои як силсиласафари панҷрӯза ба Амрикои лотинӣ рафт. Ӯ қабл аз тарки Теҳрон гуфт, аз кишварҳое дидан хоҳад кард, ки “дидгоҳи зиддиистеъморӣ” дошта, ба фишори Амрико “муқовимат” нишон медиҳанд. Аммо Амрико ин сафарро “дар ба дар гаштан”-и Эрон барои ёфтани дӯстони нав хонда, кишварҳои Амрикои лотиниро ҳушдор дод, ки ҳоло вақти таҳкими равобит бо Эрон нест.
Ибтидо Аҳмадинажод бо ҳамтои венесуэлагиаш Ҳуго Чавез, ки низ мунтақиди тунди Амрико маҳсуб мешавад, равобити иқтисодиву сиёсии ду кишварро баррасӣ хоҳад кард. Сипас ӯ дар расми адои савганди раисиҷумҳури Никарагуа Даниел Ортега ширкат варзида, ба дунбол роҳии Куба ва Эквадор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG