Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи Араб кори нозиронашро натиҷагирӣ мекунад


Нозирони Лигаи Араб дар Сурия

Нозирони Лигаи Араб дар Сурия

Вузарои хориҷаи Лигаи Араб имрӯз дар як нишаст натоиҷи кори нозирони ин созмон дар Сурияро арзёбӣ хоҳанд кард. Ин ҳайъат, ки аз 26 декабр ба фаъолият дар Сурия пардохт, таҳти оташи интиқод қарор дорад, ки то ҳол дар амри хатми хушунати нирӯҳои амниятии Сурия алайҳи эътирозгарон коре аз дасташ наомад. Мухолифини режими Башор Асад хостаанд, ки маъмурияти ин нозирон ноком эътироф шуда, масъалаи Сурия ба дасти СММ супурда шавад. Аммо бино ба хабарҳо, интизор намеравад, ки нишасти Лигаи Араб дар Қоҳира нозиронашро аз Сурия фаро бихонад.
XS
SM
MD
LG