Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11 кушта дар 19 садама дар ҳафтаи аввали сол


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабарҳо, танҳо дар ҳафтаи аввали соли равон дар 19 садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон 11 тан ҷон бохтаанд. Дар натиҷаи ин сониҳаҳо 17 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Танҳо дар як сониҳа дар рӯзи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 6 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ахиран як мошини КАМАЗ, ки ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тааллуқ дошт, дар километри 504-уми роҳи Душанбе –Хоруғ зери сангрез монд, ки мунҷар ба ҳалокати ронандаи 40-солаи ин мошин шуд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ 418 нафар кушта ва беш аз 1500 тан захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG